Дар ҳоле, ки ҳаракати васоили ҳамлу нақл дар ҷодаи автомобилрави Душанбе-Хуҷанд, ки ҷануби Тоҷикистонро бо шимоли он пайванд медиҳад, масдуд шудааст, рӯзи сешанбеи 3-юми март барои нахустин бор дар чанд соли ахир парвози ҳавопаймо дар масири Қӯрғонтеппа-Хуҷанд аз сар гирифта шуд.
Файзалӣ Тураев, сардори хадамоти бехатарии фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба арзу дархости бешумори шаҳрвандон ва пайдоиши имконоти молӣ хати сайри мазкур дубора фаъол карда шуд ва аз ин ба баъд ҳавопаймоҳои "АН-24" ва "Як-40" барои беш аз 30 мусофир ҳафтае се маротиба дар назар гирифта шудааст.
Агар то ин замон як сокини Қӯрғонтеппа аз тариқи автомобил то ба Хуҷанд ба маблағи ҳудудан то 200 сомонӣ ва бо сарфи аз 8 то 10 соат мерасид, қимати чиптаи ҳавопаймо 65 доллари амрикоӣ, муодили 247 сомонӣ буда, ҳамакнун дар зарфи як соат ба шимоли кишвар расидан метавон.
Сардори хадамоти бехатарии фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа мегӯяд, баъд аз он ки фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ба як муассисаи мухтори байнулмилалӣ табдил ёфт, ин нахустин парвоз аст, ки аз тариқи ин фурудгоҳ ба анҷом мерасад. Вай меафзояд, дар сурати пайдо шудани ниёзи бештари мусофирон, шумори парвози ҳавопаймоҳо аз Қӯрғонтеппа то ба маркази маъмурии вилояти Суғд афзоиш дода мешавад.
Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ифтитоҳи хатти сайри Қӯрғонтеппа-Хуҷанд як тасмиме дар роҳи осон кардани мушкили равуои сокинони ду минтақаи бузурги Тоҷикистон мебошад. Раҳмон Алӣ, як хабарнигори маҳаллӣ, мегӯяд, то ин замон ҳамагӣ аз роҳҳои заминӣ ва дар зимистон мушкилгузар бо таваккал то ба шимоли кишвар ва баръакс, рафтуомад доштанд, ва ё ба Душанбе, пойтахт рафта, аз он ҷо бо пардохти 80 доллар бо ҳавопаймо парвоз мекарданд. Ҳамакнун, ба гуфтаи ӯ, бо мавриди истифода қарор гирифтани масири ҳавоии Қӯрғонтеппа-Хуҷанд, мушкилаҳои сокинони Қӯрғонтеппа ва навоҳии водии Вахш саҳл хоҳад шуд.
Азсаргирии хатти сайри Қӯрғонтеппа-Хуҷанд аз тариқи фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа дар ҳоле сурат мегирад, ки дар як соли ахир ба сабаби таъмин набудани бехатарии парвозҳо дар ин фурудгоҳ тамомии хатсайрҳо, аз он миён парвозҳо дар дохили Тоҷикистон мамнӯъ шуда буд.
Ҳарчанд фурудгоҳи Қӯрғонтеппа мақоми байнулмилалиро дорост, тайи солҳои мадид таъмиру таҷдид нашуда ва низ ҳатто як ҳавопаймо ҳам надоштааст.
Вале Файзалӣ Тураев, сардори хадамоти бехатарии фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар баробари ифтитоҳи хатти сайти Қӯрғонтеппа-Хуҷанд, ояндаи наздик ҳамчунин хатсайри нави Қӯрғонтеппа-Маскав низ ба кор андохта хоҳад шуд. Ҳамзамон дар соли ҷорӣ ба чаҳор самти дигари Русия низ хатсайрҳои мутақобила ифтитоҳ хоҳанд ёфт.
Агар то ин замон як сокини Қӯрғонтеппа аз тариқи автомобил то ба Хуҷанд ба маблағи ҳудудан то 200 сомонӣ ва бо сарфи аз 8 то 10 соат мерасид, қимати чиптаи ҳавопаймо 65 доллари амрикоӣ, муодили 247 сомонӣ буда, ҳамакнун дар зарфи як соат ба шимоли кишвар расидан метавон.
Сардори хадамоти бехатарии фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа мегӯяд, баъд аз он ки фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ба як муассисаи мухтори байнулмилалӣ табдил ёфт, ин нахустин парвоз аст, ки аз тариқи ин фурудгоҳ ба анҷом мерасад. Вай меафзояд, дар сурати пайдо шудани ниёзи бештари мусофирон, шумори парвози ҳавопаймоҳо аз Қӯрғонтеппа то ба маркази маъмурии вилояти Суғд афзоиш дода мешавад.
Нархи роҳкирои масири ҳавоии Қӯрғонтеппа-Хуҷанд 247 сомонӣ, муодили 65 доллар, мебошад ...