Фирӯз Баҳор мехоҳад дар Ватан консерт гузорад

Оҳангсоз Фирӯз Баҳор аслан опера меофарад, бо такя ба осори классикони адабиёти ниёгон. Вай 13 сол пеш бо амри сарнавишт ватани бобоии худро тарк ва дар Берлини Олмон зиндагӣ ихтиёр кард. Вай мегӯяд, дар ҷавониаш ба духтари олмонитаборе бо номи Эрна ошиқ шуд ва онҳо бо якдигар издивоҷ карданд. Волидайн ва хешовандони дигари Эрна низ дар Душанбе ба сар мебурданд. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ давлати Олмон аз олмонитаборони кишварҳои шӯравии собиқ даъват кард, ки онҳо метавонанд ба зодбуми худ ба Олмон баргарданд. Дар он солҳо дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ идома дошт, Эрна ва волидайнаш баъд аз даъвати ҳукумати Олмон зиндагӣ дар ин кишварро ихтиёр карданд. Фирӯз Баҳор низ бо хонум ва писараш ба Олмон кӯч бастанд.
Ин оҳангсози тоҷики муқими Олмонро шомгоҳон мо телефонӣ дар ҳоле пайдо кардем, ки бо хонумаш дар бораи консертҳои минбаъадааш сӯҳбат мекард. Гуфтугӯи мо бо Фирӯз Баҳор гоҳо ба забони тоҷикӣ ва гоҳо ба забони русӣ анҷом мегирифт. Аз вай пурсидам оё бо Тоҷикистон рафту омад дорад?

«- Ман се бор ба Тоҷикистон рафта омадам.»

- Бо даъват ба Тоҷикистон рафтед ё бо даъват барои дидани хешовандон?

«- Бо даъват, барои дидани хешовандон ҳам.»


-Аз замоне, ки шумо дар Тоҷикистон набудед, баъд аз рафтан ба Тоҷикистон чӣ тағйирот мушоҳида кардед?

Вай русӣ ҷавоб медиҳад:
«-Албатта, хеле чизҳо тағйир ёфтаанд, бисёр биноҳо сохта шудаанд. Ман хурсанд шудам. Масалан, ман мехостам собит кунам, ки мактаби мусиқиро барои бачаҳои боистеъдод бояд дар маркази шаҳр сохт. Вале он вақт ин кор ба мо муяссар нашуд. Аммо ҳоло консерватория дар худи маркази шаҳр боз шудааст.»

Фирӯз Баҳор он вақт дар Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон котиб буд. Аз вай мепурсам, Тоҷикистонро ёд кардааст ва мехоҳад ба Тоҷикистон равад?

"- Ман ҳама вақт мехоҳам ба Тоҷикистон рафтан. Консерте, ки ман дар Душанбе гузоштам, як сол пеш буд, бисёр хуб гузашт, мардуми зиёд омаданд. Толори Кохи Ҷомӣ аз мардум пур буд. Ман бисёр хурсанд шудам, ки мардуми Душанбе ҳамин хел мусиқии манро қабул мекунанд ва ман сарфарозам, ки ман фарзанди ин шаҳр ва фарзанди Тоҷистонам.

Консерти ман бо ташаббуси раисҷумҳур бисёр хуб гузашт ва ман барои ҷоиза ва таваҷҷуҳ ба ман аз вай хеле сипосгузорам. Вале ба назари ман чунин расид, ки аз ҷониби ҳампешаҳои ман таваҷҷуҳ метавонист бештар бошад, зеро мусиқии нав дар ҳунари мусиқии мо нодир аст ва оҳангсоз набояд худаш бо худаш танҳо бимонад. Вай бояд мусиқии худро нишон диҳад. Вале дар консертҳо асарҳои кӯҳнаи ман иҷро мешавад, асарҳое, ки аз муддатҳо ошност".

Фирӯз Баҳор мегӯяд, иҷрои операи "Умари Хайём", ки яке аз операҳои нодири тоҷикист, ҳоло бо гурӯҳи навозандагоне, ки дар теотри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ боқӣ мондаанд, мушкил аст. Ба гуфтаи вай, ин опера барои гурӯҳи бузурги навозандагон офарида шудааст:

"Ман онро ҳанӯз дар Душанбе офарида будам, бо фармоиши театри операи тоҷикии мо. Дар оғоз ташаббускор Адҳам Ходиқов буд. Мутассифона, баъд аз оғози кор Адҳам Тоҷикистонро тарк кард ва робитаи мо қатъ шуд. Бо вуҷуди он, ки матни русӣ хеле хуб буд ва Хайёмро ҳамеша ба забони русӣ хуб тарҷума кардаанд, вале матни аслӣ ва сатҳи он ба таври муқоисанашаванда хеле баланд аст. Операи "Умари Хайём" дар забони асл беҳтар ва қавитар садо медиҳад. Ба ҳамин сабаб, вақте, ки ман мусиқии онро офаридам, онро ба тоҷикӣ навиштам.

Операи "Умари Хайём"-ро дар Аврупо низ иҷро кардаанд. Онро Дороти Файн, овозхони амрикоӣ ва Гетӣ Хусравӣ, овозхони эронӣ иҷро кардаанд. Мо як ҷо бо Дороти ин операро дар Лондон иҷро кардем. Ду саҳнаи он иҷро шуд, гуфтугӯи Хайём бо шамъ дар солҳои навҷавонӣ ва "Соқинома".


Оҳангсози тоҷики муқими Олмон мегӯяд, иҷро кардани консертҳо дар саҳнаҳои Аврупо кори осоне нест. Барои ҷалби навозандагон ва иҷораи толорҳо талошҳои зиёде бояд ба харҷ дод. Бо вуҷуди ин ки операи тоҷикро дар Аврупо камтар мешиносанд ва ба ҳамин сабаб ҳаводори он камтар аст, вале вай ҳамеша кӯшидааст, ки операи тоҷикро ба мардуми ин сарзамин муаррефӣ кунад. Фирӯз Баҳор мегӯяд, ҳоло вай кор бо консерт барои фортепианоро ба итмом расонидааст ва умед дорад, ки ин консерт дар Ватанаш иҷро шавад. Ин асар бар асоси оҳангҳои тоҷикӣ офарида шудааст.