Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти фаврии худ дар Брюсел ба созиш расиданд, ки дар посух ба бӯҳрони иқтисодӣ аз худбинии иқтисодӣ ё протексионизм парҳез кунанд, то бозори ягонаи Иттиҳодияи Аврупо таҳти хатар қарор нагирад. Дар ин нишаст пешниҳоди сарвазири Маҷористон Ференс Дюрчан дар мавриди таъсиси Сандуқи вижа дар ҳаҷми 250 миллиард доллар барои кумак ба кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ пуштибонӣ наёфт. Сарони Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки кумакро фақат ба кишварҳои алоҳидаи мувоҷеҳ ба мушкили сангин ироа кунанд.
Мирек Тополанек, сарвазири Ҷумҳурии Чех, раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо, таъйид кард, ки раисиҷумҳури ИМА Барак Обама рӯзи 5 апрел вориди Прага мешавад ва бо сарони Иттиҳодияи Аврупо дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад.