Дидори сарони кишварҳои форсизабон дар Наврӯз баргузор мешавад

Мулоқоти навбатии президентҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар ҷараёни иди Наврӯз, 21-уми март дар Мазори Шарифи Афғонистон баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад дар дидори Маҳмуди Аҳмаднажод, Ҳомид Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва таҳкими равобити амниятию сиёсӣ баррасӣ шаванд. Эҳтимолан се раҳбар оғози кори шабакаи муштараки телевизионии се кишварро дар ҳамин мулоқот баргузор хоҳанд кард. Ин савумин дидори раҳбарони се кишвари форсизабон хоҳад буд ва нишасти ахири онҳо 24-уми августи соли гузашта дар Душанбе, дар рӯзҳои ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони Шонгҳой барпо шуда буд. Аҳмадинажод ва Карзай дар ҳоле ба мулоқоти савум мераванд, ки ҳарду бо интихоботҳои президентӣ рӯбарӯ хоҳанд буд.