Дар мактаби миёнаи рақами 14-уми ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар, ки дар ҳоли садамавӣ қарор дорад, дар ҳар як синфхона ҳудудан то 100-нафарӣ дар се баст дарс мехонанд.
Дар як моҳи қабл 8 адад синфхонаи дабистони мазкур бар асари як зилзилаи шиддаташ ба 4 бал баробар, комилан тахриб шудаву масъулини кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ истифода аз ин синфхонаҳоро манъ кард ва идомаи таҳсил дар синфхонаҳои боқимондаашро хатарзо арзёбӣ намуд.
Ва аммо тавре ки Искандар Давлатов, аз омӯзгорони собиқадори мактаби рақами 14 мегӯяд, ҳарчанд зилзила дар як моҳи пеш мактабро хароб кард, то ба ҳол мақомот дар роҳи бозсозии он кори муассире анҷом надодаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки зилзила шабҳангом рух дода, касе дар пайи он осеб надидааст, қисмате аз мактаб, ки дорои 8 синфхонаи дигар аст, феълан побарҷост, аммо ҳамоно садамавӣ хонда мешавад. Омӯзгор Искандар Давлатов мегӯяд:
«Худоро шукр, ки ин зилзила шабона сар зад, вагарна кӯдакон осеб медиданду зери девор мемонданд. Мо мехоҳем, ки ҳадди ақал ба мо вагон медоданд, то сохтани мактаби нав, то ки ба толибилмон дуруст дарс гуфта тавонем. Ҳоло 6-7 сол мешавад, ки мактаби мо садамавӣ эълом шудааст, аммо ҳамакнун мақомот тасмим гирифтаанд, ки якчанд синфхонаи нав бисозанд…»
Искандар Давлатов, афзуд, мактаби рақами 14-ум ҳанӯз дар соли 1956, яъне 53 соли қабл бунёд шуда, бо назардошти тахриб гаштани 8 синфхона, ҳоло устодон маҷбур шудаанд дар се баст кор карда, бо истифода аз 8 синфхонаи дигар ба беш аз 700 нафар дар як вақт дарс бигӯянд, ки кори бисёр сангин будааст. Дар ин мактаб 2200 нафар дарс мехонанд, ки агар ба се тақсим кунем, яъне ба се баст, маълум мешавад, ки бояд дар як вақт дар як синф то 100 кӯдак дарс бихонад
Ин ҳам дар ҳолест, ки Сайфиддин Пиров, раиси ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар, гуфт, бо назардошти ҳолати садамавии таълимгоҳи маҳаллӣ мақомот бо ҷалби сармояи Бунёди миллии сармоягузории Тоҷикистон, дар паҳлӯи мактаб бинои нави дорои 8 синфхона сохта истодаанд:
«Дар ҳақиқат бинои мактаб қисман хароб шудаасту кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таҳсил дар он синфхонаҳоро манъ кард. Аммо ояндаи наздик бинои нав бо чанд синфхона мавриди истифода қарор бояд бигирад ва насиб бошад, дарсҳо боз дар ду баст хоҳанд гузашт».
Мушкили дигари марбут ба мактаби садамавӣ ва қисман харобшудаи рақами 14-уми Бохтар, дастрасӣ надоштани кӯдакону устодон ба оби софи нӯшиданӣ будааст. Дар даромадгоҳи мактаб овезае ба чашм мехӯрад, ки дар он таъкид мешавад, ба сабаби хуруҷи домана бояд аз истифодаи оби ҷӯйборҳо худдорӣ карда шавад.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, гузашта аз он ки мушкили беобӣ дар мактаби фарзандашон онҳоро нигарон намудааст, вазъи садамавӣ доштани бинои таълимгоҳ ҳам дар вуҷуди онҳо эҳсоси хатар ба ҷони толибилмонро тавлид кардааст.