Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев қонунеро, ки пойгоҳи ҳавоии Амрико дар ҳошияи фурудгоҳи Манасро мебандад, тасвиб кард. Парлумони Қирғистон дирӯз бо аксарияти кулли оро қарордоди Бишкеку Вошингтон ҷиҳати таъсиси ин пойгоҳро, ки як нуқтаи калидӣ дар амри таъмини амалиётҳои нирӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон шинохта мешуд, лағв кард. Аммо бо ин вуҷуд, вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дирӯз гуфт, Амрико музокироташ бо давлати Қирғизистон пиромуни сарнавишти пойгоҳи ҳавоии Амрико дар фурудгоҳи Манасро идома дода, рӯи пардохтани ҳаққи бештари иҷора барои он пойгоҳ низ андеша мекунад. Гейтс гуфт, Манас пойгоҳи муҳим аст, вале на ба ҳадде ки Вошингтон барояш маблағи беш аз ҳадд бипардозад.