Мақомоти иктишофии Покистон гуфтанд, ки як мушаки амрикоӣ дар наздикии марз бо Афғонистон партоб шуд. Як мақоми амниятии баландпояе гуфт, ки дар натиҷаи ин таркиш 20 ҷангии муттаҳам кушта шуданд. Дар айни замон, як раҳбари Толибон дар сӯҳбат бо хабаргузории Ройтерс гуфт, ки дар ин ҳодиса "дасти кам 25 нафар кушта шуданд" ва аксари онҳо ҷангиҳои ӯзбактабор буданд. Покистон, як муттафиқи калидии ИМА дар муборизаи зиддитеррор, аммо мухолифи ҳамлаҳои мушакии нирӯҳои ин кишвар дар манотиқи қабиланишинаш мебошад. Амрико мегӯяд, ки ин ҳамлаҳо зидди ҷангиҳои Толибон ва Ал-Қоида нигаронида шудааст.