Таркиш дар назди масҷиди шиъаҳо дар Покистон

Таркиши маргталабонаи бамб дар шаҳри Ғозихон, дар маркази Покистон, дирӯз дасти кам 24 кушта ва ҳудуди 50 захмӣ барҷой гузошт. Пулис мегӯяд, маргталаб худро дар наздикии масҷиди шиъаҳо тарконд. Масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро то ҳол ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.