Ҷонибдорӣ аз таҳсили ҳатмии 11-сола

Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов мегӯяд, аз тасмими вазорати маорифи Тоҷикистон барои ҳатмӣ кардани таҳсили 11-сола ва пешниҳоди баргузории раъйпурсии мардумӣ барои ворид намудани тағйирот ба Сарқонуни кишвар пуштибонӣ мекунад.
Вай гуфт, ҳанӯз замони вакили порлумони кишвар буданаш, ба қабули банди марбут ба таҳсили ҳатмии 9-сола дар Сарқонуни Тоҷикистон мухолиф буд. Ба эътиқоди раиси вилояти Хатлон, аммо ворид намудани тағйиру иловаи севвум ба Сарқонуни кишвар, ки танҳо дар 14 соли қабл пазируфта шудааст, ба имиҷи давлат метавонад асароти манфӣ расонад, зеро зуд-зуд ворид намудани тағйирот ба Сарқонун нишони заъфи мақомоти қонунгузор ва муаллифони лоиҳаи нав мебошад. Ва аммо оқои Афзалов гуфт, ҳатмисозии таҳсили 11-сола як амри зарурист, бавижа дар ҳоле ки Хатлон шумори қобили мулоҳизаи кӯдакону наврасон аз таҳсил канор мемонанд:

«Мо бисёр мехоҳем, ки духтарони мо маълумоти кофӣ дошта бошанд. Дар замони Шӯравӣ духтарони тоҷик ба ҳадде донишманд буданд, ки ҳатто бо таҳсили 10-солаашон аз духтарони маълумоти олидори кишварҳои дигар бартарӣ доштанд. Муҳим аз ҳама, онҳо дар тарбияи насли наврас, фарзандони худ мушкил намекашиданд. Вале ҳоло вазъият дигар аст ва барои боло бурдани сатҳи саводнокии насли наврас бояд таҳсилоти 11-сола дар мактабҳои ҳамагонӣ ҳатмӣ дониста шавад. Ман ҷонибдори референдум ҳастам».

Бар асоси омори расмӣ, то имрӯз дар қаламрави вилояти Хатлон наздик ба 900 ноболиғе, ки синнусолаш қобили таҳсил дар макотиби ҳамагонист, аз таълим маҳрум будаанд. Аммо ба назари таҳлилгарон, рақами аслии кӯдакону наврасоне, ки аз таҳсил дур мондаанд, хеле бештар аз омори расмист.

Ҷӯрабой Собиров, сардори идораи маорифи вилояти Хатлон, мегӯяд, бавижа дар деҳоти дурдасти ҷануби кишвар духтарон баъд аз хатми синфи 9 аксаран аз идомаи таҳсил худдорӣ мекунанд ё волидонашон ба онҳо монеъ мешаванд. Аммо, ба гуфтаи Ҷ. Собиров, ин ягона иллати аз мактаб канор мондани кӯдакон набудааст:

«Масалан 418 нафари аз таҳсил бозмондаҳоро сабаб дурии роҳ аз манзилашон то мактаб аст. Қисме беморанду таҳсил карда наметавонанд, қисме, мутаассифона, фавтидаанд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, барои ҷалби шумори ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсил филиалҳои мактабҳои миёнаро дар деҳаҳои дурдаст таъсис диҳем».

Дар вилояти Хатлон ҳудудан 20 дар сади духтарони синнусолашон қобили таҳсил аз мактаб канор мондаанд. Аммо бо ин вуҷуд шумори ҷойҳо дар мактабҳои мавҷуда ҳам хеле камтар аз шумори толибилмон будааст, аз ин хотир садҳо мактаби ҳамагонӣ феълан дар се баст кор мекунанд.

Шояд аз ин ҷост, ки ҳанӯз мақомот аз вагон-мактабҳои фарсуда ва биноҳои шахсӣ, ки ба мактаб бадал шудаанд, даст кашида наметавонанд. Ё не?