Эрик Ҳолдер вазири адлияи Амрико шуд

Сенати Амрико номзадии Эрик Ҳолдерро ба ҳайси вазири адлияи он кишвар тасвиб кард. Ҳолдер дар ин симат масъулияти додситони кулли Амрикоро низ бар ӯҳда хоҳад дошт. Эрик Ҳодер нахустин амрикоии африқоиюласл аст, ки ба курсии вазири адлияи Амрико менишинад. Ҳолдер дар замони раёсатҷумҳурии Билл Клинтон аз мансабдорони аршади вазорати адлияи Амрико буд.