Шумори қурбониёни сӯхтор дар Хонаи мӯйсафедон дар рустои Подйелски ҷумҳурии Комии Русия ба 23 нафар расид. Мақомот мегӯянд, натоиҷи таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокист, ки манбаъи оташсӯзӣ ҳуҷраи сигоркашӣ будааст. Аз ин офат, ки рӯзи шанбе сар зад, танҳо се тан аз бознишастагоне, ки дар ин макон ба сар мебурданд, ҷони солим ба дар овардаанд. Ҳарсе корманди масъули Хонаи мӯйсафедон низ аз ин сӯхтор ҷон ба саломат бурдаанд.