Бино ба хабарҳо, бар асари тирандозии афроди мусаллаҳ дар як қаҳвахона дар ҷумҳурии Доғистони Русия 4 нафар кушта шуданд. Хабаргузориҳо мегӯянд, яке аз кушташудагон Козимбек Аҳмадов, раиси маъмурияти ноҳияи Унтсӯкӯли Доғистон будааст, ки дар ин қаҳвахона барои аҳли хонавода ва хешовандонаш шабнишинӣ барпо карда буд. Ҳамла алайҳи маъмуроин милиса ва ходимони давлатӣ дар Доғистон, ин ҷумҳурии умдатан мусалмоннишин ва ҳаммарз бо Чеченистон ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфтааст.