Кореяи шимолӣ эълон кард, ки тамоми қарордодҳои бо Кореяи ҷанубӣ имзокардаашро лағв мекунад. Матбуоти давлатии Кореяи шимолӣ аз қавли як мақоми масъули равобит бо Кореяи ҷанубӣ Сеулро дар пешбурди сиёсатҳои душманона айбдор кард. Яке аз созишномаҳои лағвшуда қарордоди таъйини хутути марзҳои обии ду кишвар дар баҳри Зард будааст. Ду кишвар дар баҳри Зард ду дафъа – соли 1999 ва соли 2002 - вориди даргириҳои хунин шуда буданд ва бархе таҳлилгарон мегӯянд, танишҳои ахир эҳтимоли даргирӣ миёни ду Кореяро бештар мекунад. Аммо бархеи дигар мегӯянд, Пхенян мехоҳад бо доман задани танишҳо дар музокирот бо давлати нави Амрико қартаи зиёдтари бозӣ дар даст дошта бошад. Сарвазири Кореяи ҷанубӣ Ҳан Сунг Су гуфт, умедвор аст, ки Пхенян дар муносибот бо Сеул ба ҷойи таҳдид аз гуфтугӯ кор бигирад.