Маъмурони гумруки Тоҷикистон дар минтақаи Панҷи поёни марз бо Афғонистон аз бордони як мошини сементкаш 30 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира кардаанд. 22 кило маводи мухадири кашфшуда ҳероин ва 8 килояш афюн будааст. Як бахши умдаи ниёзи бозори маводи сохтмонии Тоҷикистон аз ҳисоби сементи тавлиди Покистон бароварда мешавад, ки воридоташ тавассути Афғонистон сурат мегирад.