Мутаккӣ: "Эрон омодаи ҳамкорӣ бо ИМА" аст

Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон, имрӯз гуфт, кишвараш омода аст, бо Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико ҳамкорӣ кунад, ба шарте ки Амрико сиёсату амалкардҳояш дар Ховари Миёнаро тағйир диҳад. Манучеҳри Муттакӣ зимни суханронӣ дар як нишасти Ҳамоиши Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар Швейтсария гуфт, агар “Амрико сиёсатҳояшро тағйир диҳад бидуни шубҳа минтақа ба ҳамкорӣ ва наздикшавӣ майл хоҳад кард. Замони раёсати Ҷорҷ Буш муносиботи сарде миёни Амрикову Эрон ҳукмфармо шуд ва ҳукумати Обама гуфтааст, ки шеваи дигареро дар муносибот бо Эрон пеш мегирад.