Афзоиши нархи гази маҳаллӣ

Афзоиши қимати гази воридаи Узбакистон ба Тоҷикистон ба тағйир ёфтани нархи истифода аз гази маҳаллӣ, ки аз конҳои ҷануби кишвар истихроҷ мешавад, низ таъсир расонидааст.
Ахиран Корхонаи истихроҷи нафту гази ҷануб нархномаи нави истифода аз гази табииро тасдиқ кард, ки бар асоси он ҳамакнун нархи истифода аз гази маҳаллӣ низ барои аҳолии вилояти Хатлон тақрибан 100 дар сад гаронтар шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир аҳолии шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва навоҳии Румӣ, Бохтар ва Вахш аз гази кони Қизилтумшуқи воқеъ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ истифода мекунанд.

Агар то ин замон барои истифодаи ҳар як метри мукааб газ сокинони водии Вахш 26-уним дирам пардохт мекарданд, ҳоло қимати он ба 50 дирам расидааст. Агар ҳисобкунаки газӣ дар манозили сокинон васл нашуда бошад, ба ҳар сари узви хонавода бояд қариб 8 сомонӣ, муодили 2 доллару 25 сенти амрикоӣ пардохта шавад. Дар ҳоле ки қаблан нархномаи мазкур 4 сомонию 25 дирам таъин шуда буд.

Маҳмуд Хоркашев, муовини сардори корхонаи фаръӣ-байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз», мегӯяд, ҳарчанд қимати гази маҳаллӣ аз гази воридаи Узбакистон бамаротиб арзонтар аст, ҳамоно шумори сокиноне, ки аз афзоиши нархи гази Қизилтумшуқ норозианд, зиёд будааст. Танҳо дар моҳи равон ба «Қӯрғонтеппагаз» беш аз 700 сокини Қӯрғонтеппа аз гаронии нархи газ ва фишори пасти он шикоят бурда, хостори ба тавқиф андохтани интиқоли он ба манозилашон шудаанд.

Ҳадя Муҳаммадова, раиси яке аз маҳаллаҳои Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бо фарорасии зимистон фишори газ баякбор паст шуда, ғолибан ин навъи сӯзишворӣ то ба ошёнаҳои поёнии биноҳо намерасад:

«Мо дигар чӣ кунем, ки фишори газ ба ҳадде паст аст, ки ба хонаҳо намерасад. Расман се соат бояд газ диҳанд, лекин ҳамин ним соат ҳам намеояд, мемирад. Аммо нархаша сад фоиз зиёд кардаанд, барои чӣ вақти таъин кардани нархи газ имкониятҳои пардохти мардум ба инобат гирифта намешавад? Охир ин гази худамон аст-ку, гази узбакӣ нест…»

Дар ҳамин ҳол, масъулини корхонаи «Қӯрғонтеппагаз» мегӯянд, афзоиши қимати гази табии маҳаллӣ шумори мизоҷони ин муассисаро коҳиш дода, аммо мизони қарзи аҳолӣ ва корхонаҷот дар назди «Қӯрғонтеппагаз» хеле афзудааст. Бо афшоизи нархи истифода аз гази кони Қизилтумшуқ, қарзи аҳолию корхонаҳо дар назди «Қӯрғонтеппагаз» ба як миллион сомонӣ наздик шудааст.