Намояндаи нави Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна, Ҷорҷ Митчелл, дар идомаи сафараш ба минтақа имрӯз дар Ромуллоҳи Каронаи Бохтарӣ бо сарони фаластинӣ мулоқот мекунад. Вай бо раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва сарвазир, Салом Фаёд гуфтушунид хоҳад дошт, аммо на бо сарони Ҳамос, ки барои эътироф накардани Исроил ҳадафи парҳези Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида аст. Пас аз дидор бо раҳбарони Исроил Митчелл гуфтааст, масъалаи асосӣ тамдид ва таҳкими оташбас аст.