Омодагии Ироқ ба интихоботи маҳаллӣ

Имрӯз нуқтаҳои раъйгирӣ дар Ироқ дарҳои худро ба рӯи интихобкунандагон боз карданд. Рӯзи шанбе дар 14 вилоят аз 18 вилояти Ироқ интихоботҳои маҳаллӣ баргузор мешаванд. Ба хотири таъмини амнияти маърака беш аз 600 000 нирӯи пулису артиш сафарбар шуда, раъйгирӣ барои маризон дар шифохонаҳо ва барои маҳбусон раъйи худро имрӯз медиҳанд. Дар се вилояти курднишини кишвар интихоботи маҳаллӣ каме дертар доир шуда, аммо дар вилояти нафтхези Киркук ин маърака ба далели рафъ нашудани ихтилофи назари байни гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ бар сари шеваи тақсими қудрат ба муддати ҳанӯз номушаххас ақиб андохта шудааст.