Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, қарордоди ҳанӯз дар тобистони соли 2004 имзошуда бо давлати Покистонро тасвиб кард. Созишнома ҳимояи сармоягузориҳо дар кишварҳои якдигарро барои Душанбеву Исломобод тазмин дода, шароити чунин сармоягузориро таъйин мекунад. Гуфта мешавад, тасвиби ин қарордод роҳи Покистонро барои ширкат дар эҳдоси нирӯгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар бунёди нирӯгоҳи Роғун боз мекунад.