Бо вуҷуди бӯҳрон чипатҳои "ТоҷикЭйр" гарон намешаванд

Ширкати воҳиди давлатии "ТоҷикЭйр" гуфтааст, бо вуҷуди бӯҳрони молиявӣ нархи чиптаҳои худро боло нахоҳад бурд. Мудири кулли ин ширкат Алимурод Маҳмадалиев гуфт, ҳарчанд интиқоли мусофирон то 15 дарсад кам шудааст, ширкат нақша надорад, чиптаҳоро қимат кунад. Он мехоҳад, аз ҳисоби боз кардани масирҳои нави парвоз вазъи молии худро беҳ кунад. Маҳмадалиев ҳамчунин гуфт, барои интиқоли муҳоҷирони ихроҷшуда, ширкати "ТоҷикЭйр" 155 ҳазор евро зарар дидааст.