Як узви Ҳамос дар ҷануби Ғазза маҷрӯҳ шуд

Гурӯҳи фаластинии Ҳамос, ки назорати навори Ғаззаро дар даст дорад, гуфт, имрӯз як узви ин гурӯҳ дар ҷануби Ғазза вақте ҳадафи ҳамлаи ҳавоии Исроил қарор гирифт, ки савори мотосикл ҳаракат мекард. Бар асари ин ҳамла дар шаҳри Хон Юнус ин узви Ҳамос ва як раҳгузар ҷароҳат бардоштанд. Чанд соат қабл аз ин амалиёт таркиши бамб дар наздикии марзи навори Ғазза як сарбози исроилиро кушта ва сеи дигарро захмӣ барҷой гузошт. Масъулияти ин ҳамларо то ҳол гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Табибони фаластинӣ аммо мегӯянд, нирӯҳои Исроил ба дунбол вориди ин сӯи марз шуда, як кишоварзро ба ҳалокат расондаанд. Ба гуфтаи сокинони минтақа, тонкҳову булдозерҳои исроилӣ низ вориди маҳалли таркиши бамб шуда, бархе заминҳои киштро тахриб кардаанд. Хушунатҳои имрӯза ҷиддитарин мавриди хушунат дар минтақа аз замони эъломи оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи Ҳамос номида мешавад.