Ҳукумати Исландия ба истеъфо рафт

Ҳукумати Исландия бар асари бӯҳрони иқтисодӣ ба истеъфо рафт. Сарвазири кишвар Гейр Ҳорде дар бораи истеъфои ҳукумат баъди музокирот бо ҳампаймонҳояш аз ҳизби сотсиал-демократ тасмим гирифт.

Ҳукумати Исландия шурӯъ аз моҳи октябри соли гузашта, баъди суқути системи бонкии кишвар, мавриди интиқод қарор дорад. Тайи ин моҳҳо қурби пули миллии Исландия – крона пойин рафта, дар кишвар бекорӣ афзоиш ёфтааст.