Дар Брюссел нишасти ғайрирасмии Шӯрои “Русия-НАТО” ифтитоҳ шуд. Ин нахустин нишасти Шӯро баъди ҳаводиси Қафқози шимолӣ ва аз сӯи НАТО қатъ шудани равобит бо Маскав ба думболи истифодаи “нерӯи номутаносиб”-и Русия алайҳи Гурҷистон аст. Русия низ эълом дошт, ки ҳамкорӣ бо НАТО, аз ҷумла, дар робита ба интиқоли борҳои низомӣ ба Афғонистонро қатъ мекунад.
Қабл аз нишасти ғайрирасмӣ дар Брюссел Дабири Кулли НАТО Яап де Ҳуп Схеффер изҳор карда буд, ки имрӯз “Русия ба НАТО ва НАТО ба Русия эҳтиёҷ доранд”. Ӯ афзуд, ки Паймони Атлантикаи Шимол ва Русия дар робита ба қазияи Афғонистон, мубориза бо терроризм ва мушкили нави мубориза бо роҳзанҳои дарёӣ метавонанд ҳамкории густарда дошта бошанд. Айни ҳол Яап де Ҳуп Схеффер изҳор намуд, ки раванди аз сар гирифтани ҳамкориҳо ба тадриҷ идома хоҳад кард ва "набояд натоиҷи фавриро интизор шуд".