Имрӯз дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, Рӯзҳои синемои тоҷик оғоз меёбанд. Ин ҷашнвора ба 16-умин солгарди таъсиси робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Туркманистон бахшида мешавад. Тайи се рӯзи оянда филмҳои тоҷикии "Достони Сиёвуш", "Нахустин субҳи ҷавонӣ", "Боз як шаби Шаҳрзод", "Ман духтареро вохӯрдам" ва ғайра намоиш дода мешаванд. Рӯзҳои синемои тоҷик дар Туркманистонро Вазорати фарҳанги Туркманистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Ишқобод баргузор мекунанд.