Ҳимояти Исроил аз ҳарбиёнаш дар муқобили додгоҳ

Сарвазири Исроил эълон кард, ки давлаташ аз ҳарбиёни худ, дар сурати ба додгоҳи байнулмилалӣ кашонду шуданашон, дифоъ хоҳад кард. Эҳуд Олмерт гуфт, барои ин дастаи вижаи вакилони ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст. Созмонҳои исроилӣ, фаластинӣ ва байнулмилалии ҳуқуқи инсон гуфтаанд, мехоҳанд, бар зидди Исроил, ки дар 22 рӯзи амалиёташ дар Навори Ғазза қавонини ҷангро помол кардааст, парванда боз хоҳанд кард. Гуфта мешавад, 1 285 фаластинӣ дар ин ҳамлаҳо кушта шуданд ва аз ним зиёди онҳо афроди осоишта будаанд. Дар хушунатҳои ахир ҳамчунин 13 исроилӣ низ кушта шудаанд.