Мақомоти ҷумбиши фаластинии Ҳамос ба Исроил оташбаси яксола ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро пешниҳод карданд. Онҳо пешниҳоди исроилиҳоро, ки за тарафи мақомоти Миср барояшон расонда шуд ва оташбаси якунимсолаву боз шудани бархе аз гузаргоҳҳоро дар назар дошт, рад намуданд. Исроил рӯзи 18-уми январ аз қатъи амалиёти худ дар Навори Ғазза хабар дод ва ба думболаш Ҳамос оташбаси муваққат эълон кард. Ҳанӯз чаҳорчӯби расмии идомаи оташбас мавриди ризоияти тарафҳо қарор нагирифтааст.