Покистон гуфт, ки ҳамлаҳои мушакӣ болои ҷангиёни исломӣ дар хоки ин кишвар ба амалиёти зиддитеррори ИМА мусодиат нахоҳад кард. Сухангӯи раиси ҷумҳурии Покистон имрӯз гуфт, ки Осиф Алии Зардорӣ дар ин бора ба сафири ИМА дар Покистон Энн Паттерсон изҳори назар кардааст. Рӯзи ҷумъа ҳавопаймоҳои бидуни халабон чанд ҳамлаи мушакиро дар хоки Покистон анҷом доданд, ки мунҷар ба ҳалокати 22 нафар шуд. Ин нахустин чунин ҳамлае баъди сари кор омадани раиси ҷумҳурии нав дар Амрико Барак Обама мебошад. Тибқи иттилои манобеи истихборотӣ ва назар ба шаҳодати аҳолии мулкӣ, аксар қурбониҳои ин ҳамлаҳо мардуми осоишта буданд.