Раиси ҷумҳурии ИМА Барак Обама нақша дорад фиристодаи нави худро дар Ховари Миёна ҳафтаи дигар ба минтақа сафарбар кунад, то ки масъалаи азсаргирии музокираҳои сулҳ миёни Исроил ва Фаластинро баррасӣ кунад. Сухангӯи ҳукумати Исроил сафари қарибулвуқӯи Ҷорҷ Митчеллро таъйид кард. Дипломатҳои ғарбиву арабӣ мегӯянд, ки дар ҷараёни сафараш ба Ховари Миёна оқои Митчелл аз Миср ва Каронаи Ғарбӣ дидан хоҳад кард. Дипломатҳо мегӯянд, ки ӯ ният дорад бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос музокира карда, аммо бо раҳбарони гурӯҳи исломии Ҳамос, ки Навори Ғаззаро таҳти назорат доранд, гуфтугӯи мустақиме анҷом нахоҳад дод.