Нирӯҳои дарёии Амрико ба Афғонистон хоҳанд рафт

Фармондеҳи нирӯҳои дарёии ИМА гуфт, ки сарбозони вай омода ҳастанд аз хоки Ироқ берун шуда дар Афғонистон барои мубориза зидди ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида сафарбар шаванд. Ҷеймс Конвей рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки вазъи Ироқ ҳоло то андозае мӯътадил шудааст, ки аз қаламрави ин кишвар берун кардани ҳудудан 22 ҳазор нирӯи дарёиро имкон медиҳад. Конвей афзуд, ки баъди берун шуданашон ин нирӯҳо метавонанд дар ҷануби Афғонистон зидди ситезаҷӯёну қочоқбарони маводи мухаддир мубориза баранд. Тарроҳони низомии Амрико пешниҳод кардаанд, ки дар мӯҳлати як-яку ним соли дигар ҳудудан 30 ҳазор сарбози амрикоиро ба Афғонистон фиристанд, то дар канори 34 ҳазор нирӯи дигари амрикоӣ муборизаҳои зиддишӯришиёнро идома диҳанд.