Имрӯз чанд нафар аз мақомоти аршади дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон аз мақомҳои худ барканор шуданд. Дар миёни онҳо кормандони бахшҳои илмӣ, маъориф, кишоварзӣ ва вазорати манобеъи обӣ ҳастанд. Зайниддин Курманов-намояндаи порламон аз ҳизби ҳокими Оқ Жул ба бахши Қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки раиси ҷумҳур хостааст нируҳои тозанафасро ба доираи сиёсии худ ворид кунад. Аммо Оқилбек Ҷекшенқулов-ҳамоҳангкунандаи ҷунбиши "Барои Адолат" ва яке аз раҳбарони мухолифони давлат мегӯяд, ин радду бадалҳои кадрӣ бӯҳрони сиёсиву иқтисодии Қирғизистонро ҳал нахоҳад кард.