Исроил ба вуруди кумакҳо ба Ғазза иҷоза хоҳад дод

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, Исроил кафолат додааст, ки ба ироаи кумаки башарӣ ба фаластиниҳои муқими навори Ғазза иҷоза хоҳад дод. Сипӣ Ливнӣ, вазири умури хориҷаи Исроил ахиран вориди Брюссел шуд ва бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дидору гуфтугӯ дошт. Дар мулоқот бо масъули бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана хонум Ливнӣ изҳор намуд, ки Исроил ба ҳамкорӣ дар робита ба вуруди кумаки башарӣ ба навори Ғазза омода аст. Ҳамзамон ӯ ба зарурати ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳ ба Ғазза таъкид кард.