Додгоҳи шаҳри Амстердам аз додситонӣ хост, ки алайҳи сиёсатмадори миллатгаро Герт Вилдерс парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Вилдерс дар он айбдор мешавад, ки Исломро бо фашизм қиёс кардааст. Соли гузашта ӯ, раҳбари Ҳизби Озодӣ, филми “Фитна”-ро таҳия кард, ки дар он мусалмонҳо чун афроди ситезаҷӯ тасвир шуда буданд. Зимнан, талошҳои Вилдерс барои барпо кардани ҳангома тавассути ин филм ноком шуданд.
Дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, ки дар кишвари демократӣ барои барангехтани низоъи қавмиву мазҳабӣ ҷой нест ва аз ин рӯ, Вилдерс бояд муҷозот шавад. Худи сиёсатмадори миллатгаро, тавре интизор мерафт, тасмими додгоҳро чун “поймолсозии озодии баён” арзёбӣ кард.