Дар шимоли Ироқ бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира чаҳор нафар кушта ва даҳ нафар маҷрӯҳ шуданд. Полис хабар дод, ки корвони мошинҳои раиси Донишгоҳи Исломӣ Зиё Ал-Анӣ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ба худи Ал-Анӣ осебе нарасидааст. Гуфта мешавад, ки мусаллаҳони мухолифи ҳукумат донишмандон, табибон ва хабарнигоронро барои фаъолияташон дар гурӯҳҳои мазҳабӣ ва аҳзоби сиёсӣ ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.