Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия дар мавриди зарурати бунёди лулаи интиқоли газ аз ҳавзаи баҳри Хазар ё Ховари Миёна тавассути Туркия ва бидуни убур аз қаламрави Русия ба мувофиқа расиданд. Баъд аз музокирот бо раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо дар Брюссел сарвазири Туркия Раҷаб Эрдуғон изҳор намуд, ки Анқара аз татбиқи тарҳи “Набукко” комилан пуштибонӣ мекунад. Дирӯз Эрдуғон ҳушдор дода буд, ки агар музокирот дар мавриди вуруди Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо дар бунбаст боқӣ бимонад, Анқара дидгоҳи худ дар мавриди татбиқи тарҳи “Набукко”-ро бознигарӣ мекунад.