Генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Ироқ ва Афғонистон дар ҷараёни силсилабоздидҳои худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз вориди Қирғизистон шуд. Интизор меравад, ки Петреус дар ин кишвар сарнавишти ояндаи пойгоҳи низомии Манасро баррасӣ кунад. Вошингтон ин пойгоҳро барои ҳимояти амалиёти нируҳояш дар Афғонистон истифода мекунад. Рӯзи шанбе ҳангоме, ки Петреус дар Тоҷикистон сӯҳбат мекард, изҳор дошт, ки Амрико ба нақша нагирифтааст, ки дигар аз ин пойгоҳ истифода намекунад. Қабл аз ин изҳорот баъзе расонаҳо хабарҳои дуруғине пахш карданд, ки гӯё Қирғизистон дар ивази кӯмакҳои молии Русия ин пойгоҳро мебандад.