Ҳукумати Афғонистон эълом дошт, ки бори масъулияти вазъи сангин дар кишварро бояд ҳампаймонҳои хориҷии Кобул ҳам бар дӯш бигиранд. Ин изҳороти Баҳин, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Афғонистон баъди он пахш шуд, ки Дабири Кулли НАТО Яаап Де Ҳуп Схеффер ҳукумати Афғонистонро дар фасод ва бесамарии фаъолият айбдор кард. Сарвари НАТО дар як шарҳ дар рӯзномаи Washington Post навиштааст, ки "мушкили Афғонистон на дар мавҷудияти ҷунбиши “Толибон”, балки дар мавҷуд набудани системи идораи босамари демократии давлат аст".