Дар ҷануби Афғонистон дар як даргирӣ бо толибон як сарбози нерӯҳои НАТО кушта шуд. Дар Кобул бошад, бар асари як таркиш чаҳор сокини осоишта ва як низомии амрикоӣ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи мақомот, дар ин ҳодиса тақрибан 20 сокини маҳаллӣ ва 5 сарбози амрикоӣ ҷароҳат бардоштанд. Дар вилояти Нангарҳор, дар як тариши маргталабона як кас кушта ва шаш нафар, аз ҷумла, кормандони полис маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳарду ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтанд.