Исроил эълом дошт, ки дар кӯтоҳтарин фурсат нерӯҳояшро аз навори Ғазза берун хоҳад кард. Ва аммо Еҳуд Олмерт, сарвазири Исроил, дар мулоқот бо сарони кишварҳои аврупоӣ дар Байтулмуқаддас гуфт, кишвараш мехоҳад кафолати онро дошта бошад, ки гурӯҳи ҲАМОС ба оташбас содиқ хоҳад монд. Дар ҳамин ҳол аз манбаъҳои низомии Исроил хабар мерасад, ки хуруҷи тадриҷии нерӯҳо аз навори Ғазза шурӯъ шудааст.
Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ ба Байтулмуқаддас баъди ширкат дар саммити Миср омаданд. Дар нишасти Миср мавзӯъи таъмини оташбаси дарозмуддат дар навори Ғазза баррасӣ шуд.Гурӯҳи ҲАМОС дирӯз изҳор намуд, ки барои як ҳафта оташбас эълон кардааст. Ҳамзамон ин гурӯҳ хостори хуруҷи фаврии нерӯҳои исроилӣ аз навори Ғазза шуд.