Гурӯҳи фаластинии Ҳамос, ки назорати навори Ғаззаро дар даст дорад, рӯзи якшанбе ба дунболи Исроил эълони оташбаси билофосила кард. Аймон Таҳо, як намояндаи баландпояи Ҳамос гуфт, ин оташбас барои як ҳафта эълон шуда, дар сурати дар ин муддат аз қаламрави навори Ғазза хориҷ шудани нирӯҳои Исроил тамдид карда хоҳад шуд. Ҳамос ҳамчунин аз Исроил тақозо карда, ки ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ дар навори Ғаззаро ба хотири интиқоли ғизо ва маҳсулоти дигари зарурӣ боз кунад. Ҳамос қаблан ҳамроҳӣ ба оташбаси якҷониба аз сӯи Исроилро радд карда буд. Рӯзи якшанбе аз қаламрави Ғазза алайҳи манотиқи ҷануби Исроил чанд ҳамлаи мушакӣ анҷом шуд. Исроил ба ин мушакандозиҳо бо як ҳамлаи ҳавоӣ посух дод.