Пулиси Қирғизистон Омурбек Текебоев, яке аз раҳбарони мухолифини қирғизро аз боздошт раҳо кардааст. Текебоев, раҳбари ҳизби Ота-Макон, рӯзи шанбе дар вилояти шимолии Талос бо иттиҳоми ташкили раҳпаймоии эътирозии ғайриқонунӣ боздошт шуда буд. Ҳизби Ота-Макон мехост, дар Талос як анҷуман доир кунад, вале ба дунболи боздошти раҳбараш баргузории ин анҷуманро ба таъхир гузошта, акнун мехоҳад дар навоҳии мухталифи вилояти Талос гирдиҳамоиҳо барпо кунад. Омурбек Текебоев, раиси собиқи парлумони Қирғизистон, аз мунаққидони шадиди давлати президент Қурмонбек Боқиев маҳсуб шуда, лаҳни интиқодаш аз мақомот тайи моҳҳои охир боз ҳам тундтар шудааст.