Русияву Украина ба талошҳои худ ҷиҳати хатми бӯҳрони газ идома медиҳанд. Сарвазири Украина Юлия Тимошенко рӯзи шанбе ба хотири баҳси мавзӯъ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ба Маскав рафт. Ҳарду дар арафаи мулоқот изҳори умед кардаанд, ки як роҳи ҳалли ин бӯҳрон пайдо хоҳад шуд. Иттиҳодияи Аврупо низ намояндагонашро ба Маскав фиристода, ҳушдор додааст, ки агар интиқоли газ ба зудӣ аз сар гирифта нашавад, равобиташ бо Русияву Украинаро мавриди бозбинӣ қарор хоҳад дод.