Куштори вазири дохилаи Ҳамос дар Ғазза

Дар пайи ҳамлаи мушакии нирӯҳои исроилӣ тибқи гузоришҳо вазири умури дохилаи Ҳамос Сайид Сейам ба ҳалокат расидааст. Ин баландтарин мақоми Ҳамос аст, ки баъди шурӯи амалиёти низомии Исроил дар Ғазза ҳадафи тир қарор мегирад. Ин ҳодиса дар шароите рӯй медиҳад, ки дирӯз бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Исроил сохтмоне, ки дар он дафтари СММ дар Ғазза ҷойгир буд, ба коми оташ рафт ва боиси хашми дабири кулл Бан Ки Мун, шуд, ки иттифоқан дирӯз дар Исроил бо ҳадафи хатми хушунатҳо бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯҳо анҷом медод. Нахуствазири Исроил ин ҳодисаро таассуфангез арзёбӣ кард, ки бар асари иштибоҳе роҳ ёфтааст.