Венесуэла ба нишони эътироз аз амалиёти низомии Исроил дар Ғазза расман равобити дипломатиашро бо ин кишвар қатъ кард. Изҳороти ҳукумати президент Ҳуго Чавез мегӯяд, ки бо сабаби "таъқиби ваҳшиёнаи" мардуми Фаластин, ки аз ҷониби мақомоти Исроил идора мешавад, Венесуэла ба чунин иқдом даст мезанад. Ҳафтаи гузашта ҳукумати Венесуэла сафири Исроилро аз Каракас хориҷ кард. Субҳи чоршанбе Боливия эълон кард, ки ҳамчунон бо сабаби шурӯи ҷанги Ғазза равобити дипломатиашро бо Исроил қатъ мекунад. Тибқи гузоришҳо, амалиёти низомии Исроил дар Ғазза, ки 27 декабр шурӯъ шуд, беш аз 1000 нафарро кушта бар ҷой гузоштааст.