Бар асари идомаи моҷарои газ миёни Русия ва Украин дар ин рӯзҳои сард кишварҳои аврупоӣ аз дарёфти газ маҳрум боқӣ мемонанд. Имрӯз сарвазирони Булгористон ва Словакия, ду кишвари аз ин моҷаро бештар зиёнкашидаи Иттиҳодияи Аврупо, ба Маскав ва Киев сафар хоҳанд кард.
Ширкати «Газпром”-и Русия дирӯз интиқоли газ ба Аврупоро эҳё ва аммо баъд аз чанд соат онро дубора қатъ кард ва Украинро дар эҷоди монеъа дар транзити маводи сӯхт айбдор намуд. Киев, дар навбати худ, эълом дошт, ки интиқоли газ аз тариқи лулаи пешниҳодкардаи Маскав чандин минтақаи Украинро аз маводи сӯхт маҳрум мекунад.
Дар ҳамин ҳол Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Украин изҳор намуд, ки Русия талош дорад то дар Украин мавҷи норозигиҳои мардумро барангезад. Ба гуфтаи ӯ, “ин ҳамла ба Украин чанд ҳадаф дорад, аз як сӯ, ноором кардани вазъи дохилии сиёсӣ дар Украин ва, аз сӯи дигар, ба фаъолияти сиёсӣ таҳрик додани манотиқе, ки дар баробари равобити миёни Русияву Украин ҳассосият нишон медиҳанд”.
Дирӯз фраксияҳои русгарои парлумони Украин истеъфои Виктор Юшенко ва ҳукумати кишварро талаб карда буданд.