Маҳкумияти се нафар дар Русия барои таркиши бомба

Додгоҳе дар Санкт-Петербург шоми душанбе се мардро барои таркиши бомбае дар маркази ин шаҳр, аз ҷумла дар назди тарабхонаи Макдоналдз, муттаҳам карда ба мӯҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон кард. Раҳбари ин гурӯҳ Фёдор Ковалчук барои ташкили ду таркиш моҳи феврали соли 2007 ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Дар он ҳодиса ҳафт нафар ҷароҳат бардоштанд. Яке аз муттаҳамон ба мӯҳлати ҳафт соли шартӣ маҳкум шуда, дигаре барои шаш сол равонаи зиндон шуд. Макдоналдз яке аз он сохтмонҳоест, ки бештар мавриди ҳамлаи мухолифони ҷаҳонишавӣ ва гурӯҳҳои зиддиамрикоӣ қарор мегирад.