Ироқ мегуяд, раҳбари тундрави сунниро боздошт кардааст

Имруз Қассим ал Мусавӣ-сухангуи нируҳои амниятӣ дар Бағдод гуфт, нируҳои Ироқ Тойер Кадим Обид ал Сурайвӣ -раҳбари гуруҳи шуришиёни арабҳои суннии Ироқро, ки барои бамгузорӣ ва суиқасд гунаҳгор дониста мешавад, богздошт кардаанд. Сурайвӣ-раҳбари гуруҳи сунниҳои тундрави Ансор ал Сунна моҳи гузашта дар Бағдод боздошт шудааст. Сухангуи нирҳои амниятии Ироқ ҳамчунин гуфт, Сурайвӣ эътироф кардааст, ки аз суи баъзе сиёсатмадорони Ироқӣ ҳимоят мешудааст. Нируҳои Амрико ва Ироқ гаҳ гоҳе дар бораи боздошти тундравҳои аршади Ал қоъида ва шуришиёни Ироқ гузориш медиҳанд, вале таъйиди чунин хабарҳо душвор аст.