Додгоҳи Олии Тоҷикистон имрӯз бар асоси дархости додситони кулл равияи мазҳабии Салафияро расман манъ кард. Муҳаммадалӣ Юсуфов, сухангӯи Додгоҳи Олӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, фаъолияти ин равия ғайриқонунӣ дониста шуда, аз ин ба баъд ба кишвар ворид кардани сабту навор ва адабиёти мазҳабии марбут ба Салафия низ манъ аст. Оқои Юсуфов афзуд, онҳое, кибаъд аз ҳукми қонун гирифтани ҳукми Додгоҳи Олӣ ба ин ҳаракат ҳамкорӣ мекунан, ба масъулият кашида хоҳанд шуд. Салафия равияест, ки дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон тоза зуҳур кардааст ва раҳбаронаш шумори пайравони худ дар ин кишварро то 20 000 нафар баровард мекарданд.