Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар марзи ин кишвар бо Афғонистон шаби сешанбе се тан аз қочоқбарони афғонро куштаанд. Хушнуд Раҳматуллоев – сухангӯи раёсати марзбонии Кумитаи Амнияти Миллӣ гуфт, қочоқбарони маводи мухаддир зимни вуруд ба хоки Тоҷикистон бо сарҳадбонон рӯ ба рӯ шуда ва ба тарафи онҳо тир андохтаанд, вале дар натиҷаи оташи ҷавобӣ кушта шудаанд. Аз ҷойи ҳодиса 22 килограмм маводи мухаддир аз ҷумла 17 кило ҳероин кашфу забт шудааст. Касе аз марзбонони тоҷик дар ин ҳодиса, ки минтақаи марзии Панҷ, 250 километрии ҷануби Душанбе рух додааст, осеб надидаанд.