Исроил амалиёташро дар Ғаза идома медиҳад

Дар ҷараёни амалиёт бар зидди ҷанбиши тундрави исломии Ҳамос нируҳои ҳавоии Исроил ҳудуди 30 ҳадафро дар Ғазаи Фаластин мавриди ҳамла қарор доданд. Бино ба гузоришҳо, дар давоми 9 рузи ҳамлаҳои нируҳои Исроил, дастикам, 510 нафар фаластинӣ кушта, 2 500 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳадафи нируҳои Исроил поён додан ба мушакпаррониҳои Ҳамос ба қаламрави Исроил аст. Аз рузи шанбе ба ин су, аз замоне, ки Исроил нируҳои пиёданизоми худро ба Ғаза фиристод, як сарбози исроилӣ кушта, бештар аз 30 нафар захмӣ шудаанд.