Аврупо хостори хотимаи ҷанг дар Ғазза шуд

Як ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо дар Ховари Миёна имрӯз аз Исроилу Ҳамос хост, то ба даргириҳо хотима диҳанд. Ин даъватро сарвари ҳайъат Карл Шварзенберг - вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех, ба амал овард, ки кишвараш ҳоло раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупост. Бернард Кушнер - вазири умури хориҷаи Фаронса авзоъи башарӣ дар Навори Ғаззаро “тоқатнопазир” хонд. Русия низ Александр Салтанов - намояндаи хоси худ дар умури Ховари Миёнаро, ба ин минтақа фиристодааст, то дар ҳосил кардани созиши оташбас кӯмак намояд. Дар айни ҳол Шимон Перес - раиси ҷумҳури Исроил имкони созиши оташбасро рад карда, вале гуфтааст, кишвараш нияти ишғоли Навори Ғаззаро надорад.